Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони Лигаи Араб дар Бағдод мулоқот мекунанд


Сафири Ироқ дар Лигаи Араб, Қайс ал-Азавӣ мегӯяд, нишасти 23-юми сарони лига дар Бағдод дар пасманзари шӯришҳои мардумии Баҳори Араб аз аҳамияти хос бархӯрдор хоҳад буд. Вай афзуд, ҳамкориҳои иқтисодии ҷаҳони араб дар маркази таваҷҷӯҳи ҳамоиш хоҳад буд. Аммо ноиби раиси Лигаи Араб, Аҳмад бин Ҳиллӣ дар нишасти хабарӣ дар Қоҳира гуфт, рӯзномаи ҳамоиш аз мавзӯъҳои марбут ба бӯҳрони Сурия, масъалаи Фаластин, авзоъ дар Яман ва таҳдидҳои амниятӣ иборат хоҳад буд. Ироқиҳо гуфтаанд, барои таъмини амнияти нишасте, ки аввалин бор дар зиёда аз 20 соли охир рӯзи 29-уми март баргузор мешавад, қариб 100000 низомиро сафарбар кардаанд.
XS
SM
MD
LG