Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия -- муддаии Ҷоми футболи Аврупо-2020


Сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълон кард, кишвараш мехоҳад, барои мизбонии сабқати қаҳрамонии соли 2020-и Аврупо мубориза кунад. Дар ҷаласаи федерасюни футболи Аврупо – УЕФА дар Истамбул Эрдуғон гуфт, Туркия талош дорад аз лиҳози таъмини зербинои чунин сабқат ба сатҳи зарурӣ расад ва мухлисони пуршӯру ҷавон дорад. УЕФА дар ҳафтаи оянда қабули аризаҳоро сар мекунад, аммо дар ин байн дар Туркия таҳқиқи, ба истилоҳ, “фурӯш” ё ислоҳи қалбакии бозӣ идома дорад, 93 нафар ба он муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG