Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди ношинос ба фирориён аз Сурия ҳамла карданд


Дар манотиқи гуногуни Сурия бар асари ҳамлаҳову даргириҳо дасти кам 26 нафар, аз ҷумла, даҳ зану кӯдак, ки мехостанд дар Туркия панаҳ баранд, ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар атрофи шаҳри Сермини вилояти Идлиб автобус бо фирориён ҳадафи тирборони афроди ношинос қарор гирифт.

Артиши Сурия мавзеъҳои атрофи шаҳри Ҳомаро, ки он ҷо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин қарор доранд, тирборон кард. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар амалиёт тақрибан 70 танк ширкат дорад. Теъдоди қурбониёни бархӯрдҳо дар Ҳома маълум нест.

Дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ба постгоҳҳои артиш ҳамла карданд. Дар шаҳри Лозиқия 5 сарбози артиш ва дар деҳаи Сайдои вилояти Даръо се низомии дигар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG