Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 ҷудоихоҳи курд дар Ширнак


Дар задухӯрдҳо миёни нерӯҳои Туркия ва ошӯбгарон аз Ҳизби коргарони Курдистон дар ҷанубу шарқи Туркия ҳафт тан аз ҷудоихоҳони курд кушта шуданд.

Аз рӯзи чаҳоршанбе артиш ва полиси Туркия дар вилояти Ширнак алайҳи ҷудоихоҳон амалиёти вижа доир мекунанд. Дар ин амалиёт дирӯз панҷ корманди амниятӣ ва имрӯз боз як тани дигар аз онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар амалиёти боздошти як мусаллаҳи курд имрӯз шаш корманди полиси Туркия маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG