Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Малӣ дар сафорати ИМА панаҳ бурд


Раисиҷумҳури Малӣ Амаду Тумани Туре, ки бар асари табаддулоти низомӣ аз мақомаш барканор шудааст, дар сафорати ИМА дар пойтахт - шаҳри Бамакопанаҳ бурдааст.

Дар Малӣ марзҳо баста ва ҳама парвозҳои ҳавопаймоҳо лағв карда шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар Бамако садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад.

Низомиёни Малӣ табаддулотро чун паёмади нотавонии ҳукумат барои таъминоти артиш бо силоҳу таҷҳизот дар мубориза бо қабилаҳои ошӯбгари таворуқҳои муқими шимоли Малӣ арзёбӣ карданд.

Капитан Амаду Саного, раҳбари Кумитаи миллии эҳёи демократия, ки низомиён ташкил карданд, рӯзи панҷшанбе дар сартосари кишвари қуюди шабгардӣ эълон намуд. Конаре, як намояндаи артиш дар изҳороти телевизионӣ гуфт, ки "ҳадафи Шӯрои эҳёи демократия ба ҳеҷ ваҷҳ расидан ба қудрат нест. Мо ваъда медиҳем, ки баъди таъмини якпорчагии кишвар ва рафъи хатар ба истиқлолияти он мо қудратро ба раисиҷумҳури аз роҳи демократӣ интихобшуда бармегардонем".

Раисиҷумҳури Малӣ Амаду Тумани Туре моҳи апрел, баъд аз анҷоми даври дуввуми президентияш бояд ба истеъфо мерафт ва дар кишвар интихоботи президентӣ баргузор мешуд.
XS
SM
MD
LG