Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мақомоти Фаронса хабар доданд, ки Муҳаммад Мераҳ, гумонбари куштори ҳафт нафар, дар ҷараёни ҳамла ба манзилаш дар шаҳри Тулуза кушта шуд.

Вазири умури дохилиии Фаронса Клод Геан гуфт, ки Мераҳ сӯи кормандони нерӯҳои сареъ оташ кушод ва вақте, ки ӯро иҳота карданд, худро аз тиреза берун андохт. Бар пояи ахбори пешакӣ, дар ин амалиёт се корманди нерӯҳои амниятии Фаронса ҷароҳат бардоштанд, вазъи як нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад.

Манзили Муҳаммад Мераҳ аз рӯзи чаҳоршанбе дар муҳосира қарор дошт. Мақомоти Фаронса қаблан изҳор намуданд, ки мехоҳанд ин шаҳрванди алҷазоиртабори Фаронсаро зинда дастгир кунанд.

Муҳаммад Мераҳ, ки ба навиштаи расонаҳои Фаронса, дар Афғонистону Покистон тамрин дидааст, дар куштори се низомии фаронса, се толибилми мактаби яҳудӣ ва ҳохом дар шаҳрҳои Тулуза ва Монтобан гумонбар мешавад. Қаблан ӯ барои таслим шудан розӣ шуда буд ва аммо баъдан ақидаашро тағйир дод.
XS
SM
MD
LG