Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон гуфт, омода аст аз Эрон нафт бихарад


Дар акс: Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон

Дар акс: Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон хостори бунёди лӯлаи интиқоли нафт аз Эрон то кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Давлаталӣ Ҳотамов дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Теҳрон гуфт, Тоҷикистон нафтро асосан аз Русия ворид мекунад, аммо барои харидории нафт аз Эрон низ омода аст.

Дипломати тоҷик ба зарурати бунёди лӯлаи интиқоли нафт миёни Тоҷикистону Эрон ҳам таъкид намуда ва афзудааст, ин маводи сӯхт метавонад ба гӯшаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ интиқол ёбад.

Мақомоти Эрон ҳамеша таъкид мекарданд, ки тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои эмбаргои нафти Эрон муассир нест ва харидорони нафти ин кишвар дар ҷаҳон зиёданд. Ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон чунин гуфта буд: "Интиқоли обу барқ аз Тоҷикистон ба Эрон, хатти оҳан ва ҷода ва ҳамин тур, мутолиаи интиқоли энержӣ, яъне нафт ва газ аз Эрон ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Куҷо беҳтар аз Тоҷикистон аст, ки мо ба ӯ нафт ё газ мунтақил бикунем?"

Баъд аз чанд моҳи баҳсу баррасиҳо рӯзи 23-юми январ кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба натиҷае расиданд, ки воридоти нафти Эронро таҳрим кунанд ва ҳисобҳои Бонки марказии Эрон дар қаламрави Итиҳодияро мунҷамид созанд. Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар шарҳи ин тасмим изҳор намуд, ки ҳадаф аз таҳримҳо - фишор болои Эрон барои бозгашти кишвар сари музокирот оид ба барномаи ҳастаияш мебошад.

Эрон қаблан ҳамеша омодагии худ барои эҳёи музокирот бо Ғарбро эълом медошт ва аммо мегуфт, ки ягон шарти пешакӣ барои гуфтушунидро қабул надорад.

Охири моҳи январ вазорати саноати нафти Эрон ба номуассир будани таҳримҳои ИМА ва таҳримҳои якҷонибаи Брюссел алайҳи Теҳрон таъкид намуда гуфта буд, ки эмбарго фақат ба зиёни иқтисоди Аврупо ва кишварҳои воридкунандаи нафт анҷом хоҳад буд. Дар изҳороти вазорат гуфта шуда буд, ки таҳримҳои Аврупо алайҳи содироти нафти Эрон барои иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои аврупоиву ғайриаврупоӣ паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG