Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни мустақили бритониёнии Aid Impact аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки назорати барномаи ироаи кӯмак ба Афғонистонро шадидтар кунанд. Ба иттилои комиссиюн, дар Афғонистон низоми ҷилавгирӣ аз ғорати ёриҳо ва тақаллубу фасод зимни тақсими онҳо мавҷуд нест.

Дар изҳорот аз Раёсати рушди байнулмилалии Бритониё, ки ба тақсими кӯмаки башарӣ дар Афғонистон машғул аст, даъват шудааст то барои камтар кардани хатари яғмои ёриҳо афроди дорои таҷриба дар бахши молия ва таъминотро ба кор ҷалб кунад.

Комиссиюни мустақили Aid Impact соли гузашта ба хотири таъмини дурусти истифодаи ёриҳои башарии Бритониё ба дигар кишварҳо таъсис шуда буд.
XS
SM
MD
LG