Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвории Бан Ки Мун аз изҳороти Шӯрои амнияти СММ


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, гуфт, ки умедвор аст изҳороти ахири Шӯрои амният оид ба Сурия чархиши муҳим дар талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои истиқрори сулҳ дар ин кишвар шавад. Изҳороти ӯ зимни суханронияш дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, садо дод.

Дар изҳороти Шӯрои амнияти СММ аз тарҳи пешниҳодҳои фиристодаи вижаи СММ ва Лигаи кишварҳои араб дар Сурия Кофӣ Аннан пуштибонӣ шудааст. Ин тарҳ оташбас, шурӯи музокироти сиёсии ҳукумату мухолифин ва иҷозаи вуруди ёриҳои созмонҳои башарӣ ба Сурияро дарбар мегирад. Ва аммо дар изҳорот гуфта шудааст, дар сурати иҷро нашудани ин тарҳ аз сӯи ҳукумати Башор Асад Димишқ мавриди таҳримҳои нав қарор мегирад.

Изҳороти Шӯрои амнияти СММ барои иҷро ҳатмӣ нест. Бар асари низоъ дар Сурия, ки як сол боз идома дорад, беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG