Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гугуш, овозхони маъруфи эронӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз ҳамаи форсизабонҳои дунёро табрик гуфт.

Вай гуфт, "дар остонаи баҳор ва Наврӯзи бостон самимонатарин табрикотамро тақдими ҳамаи мардуми Эрон ва форсизабонон, ки дар ҳар куҷои ин дунё ҳастанд, мекунам."

Ин овозхони маъруф ва маҳбуби эронӣ афзуд, аз Худованд мехоҳад ва дуо мекунад, ки "баракат, шодӣ, саломатӣ, оромиш ва озодӣ" барои ҳамватанонаш муҳайё бошад ва онҳо "ҳеҷ вақт рӯи ҷангу хунрезиро набинанд."

Гугуш мегӯяд, қаблан ваъда дода буд, ки дар остонаи Наврӯз албоми нави таронаҳояшро интишор медиҳад. Вале ҳамон тавре худи ӯ гуфт, "мутаассифона, ин талоши ман муяссар нашуд."

"Дилам мехост дар остонаи Наврӯз ин иттифоқ биуфтад. Вале ба далели мушкилоти зиёде, ки сари таҳияи албом ҳаст, натавонистам ба қавлам вафо кунам. Аз ин бобат аз ҳамаи касоне, ки мунтазири интишори ин албом буданд, узрхоҳӣ мекунам",-илова кард ӯ.

Гугуш қавл дод, ки ин интизорӣ тӯл нахоҳад кашид. Бо ин ҳол, то кунун Гугуш таронаҳо ва клипҳои зиёдеро ба мухлисонаш тақдим кардааст, ки ҳамаи онҳо мондагору фаромӯшнопазиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG