Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор варзишгари тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи гуштии самбо ба пойтахти Русия рафтаанд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, поягузори гуштии самбо, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки барои бори 33-юм барпо мегардад ва яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад, ширкати беш аз 200 варзишгар аз 22 кишвар дар назар аст.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар ду навъи рақобатҳо - самбои варзишӣ ва самбои размӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Дар ин мусобиқа чаҳор паҳлавони тоҷик - Акмалиддин Каримов (57 кг), Мустафо Ҳасанов, Сайфиддин Раҷабов (ҳарду – 68 кг) ва Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ ширкат меварзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG