Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми Виктор Бут боз ба таъхир афтод


Муҳокимаи Виктор Бут, ки дар қочоқи ва фурӯши он ба гурӯҳҳои ҷиноӣ аслиҳа айбдор мешавад, дар додгоҳи Иёлоти Муттаҳида ба таъхир афтод. Қарор буд, ин бор ҳукми додгоҳ эълон шавад, аммо додрас Шира Шейндлин мегӯяд, ҷаласаи ҳукмро аз 28-уми март ба 5-уми апрел гузошт, зеро “масъала мушкил ва печида аст.” Бут аз ҷумла ба он айбдор мешавад, ки мехост, ба гурӯҳҳои террористие силоҳ расонад, ки дар пайи қатли амрикоиҳо буданд. Ба ӯ 25 соли зиндон ё ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад. Эълони ҳукми Бут мебоист аввал рӯзи 12-уми март баргузор мешуд.
XS
SM
MD
LG