Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯёрӯии чандмоҳа ҳукумати Ҷумҳурии Чех аз мардум ва зиёиёни худ шикаст хӯрд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Чех зери фишори шаҳрвандон маҷбур шуд фурудгоҳи байнулмилалии Прагаро ба номи президенти пешини ин кишвар Ватслав Ҳавел гузорад. Аммо тасмим ниманиҳоист. Ба гузориши хабаргузории расмии чех “ЧТК”, ҳоло бояд бархе аз моликони дигари фурудгоҳ, ки низ марбут ба ҳукуматанд, ризоияти худро диҳанд. Ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Чех Павел Добес гуфтааст, беҳтар хоҳад буд, ки ин қарор аз 5-уми октябр -- 76-умин зодрӯзи Ҳавел расмӣ шавад.

Адиб ва дигарандеши саршинос, пешвои “Инқилоби махмалӣ”-и Чехословакия Ватслав Ҳавел аз соли 1989 то 1992 президенти ин кишвар буд. Пас аз ҷудоии Чехия ва Словакия дар соли 1993 то соли 2003 ба Ҷумҳурии Чех сарварӣ кард. Бисёре аз чехҳо ба ӯ арҷ мегузоранд, ки дар лаҳзаи ҳассоси таърихи кишвари худ қадам пеш гузошт ва ҳукумати коммунистиро шикаст дод. Онҳо инчунин муваффақияти ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии кишвари худро ба номи Ҳавел рабт медиҳанд. Ҳавел 18-уми декабри соли 2011 дар синни 75-солагӣ аз ҷаҳон гузашт.

Пешниҳоди гиромидошти хотираи Ҳавел бо номгузории фурудгоҳи байнулмилалии Прага ҳанӯз дар рӯзҳои дафни ӯ садо дода буд ва моҳҳои гузашта борҳо баррасӣ шуд. Рӯшан гашт, ки мухолифони ин пешниҳод дар порлумон ва ҳукумати Ҷумҳурии Чех зиёданд. Ҳатто яке аз ёварони пешини ӯ гуфт, Ҳавел аслан парвозро дӯст намедошт. Аввали моҳи март яке аз рӯзномаҳо навишт, ки зоҳиран, номи фурудгоҳ “Рузине” боқӣ хоҳад монд.

Ватслав Ҳавел

Ватслав Ҳавел

Мавзеъгирии ҳукумат хашми шаҳрвандонро ба вуҷуд овард. Филмсози чех Феро Фенич хитобаеро бо талаби Ҳавел номгузорӣ шудани фурудгоҳ дар Интернет нашр кард ва аз мардум хост, зери он имзо гузоранд. Дар камтар аз як моҳ зиёда аз 82 000 нафар ҳимояти худро аз ин пешниҳод баён доштанд. Ҷудо аз он адибони чех ва словак, ҳамсар ва бародари Ҳавел низ бо номаҳо ба ҳукумат муроҷиат карданд. Рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми март ҳукумат ба фишори шаҳрвандон тан дод ва эълом дошт, ки номи Ватслав Ҳавел ба бузургтарин дарвозаи ҳавоии кишвар гузошта хоҳад шуд.

Ба навиштаи матбуоти чех, ин нахустин хитобаи интернетие дар кишвар буд, ки натиҷаи амалӣ дод ва эҳтимол истифода аз абзори нави баёни ақида дар оянда бештар шавад. Солҳои охир хитобаҳои онлайн дар бисёр кишварҳо комёб гаштаанд. Иёлоти Муттаҳида, Австралия, Канада, Олмон ва Шведсия аз давлатҳоеянд, ки зери фишори интернетии аҳолии худ ба мушкили мардум расидагӣ кардаанд. Ҳукумати Обама худ низ як торнамое сохт ва ба мардум пешниҳод кард, ки бо истифода аз он хитобаву муроҷиатнома нависанд ва имзо ҷамъ кунанд. “Бостон Глоб” мегӯяд, ба воситаи ин торнамо дар ним сол 8 000 хитоба нашр шуд, ки ҳар кадом аз 10 то 90 000 имзо дошт.

Рӯшанфикрони тоҷик 2-3 дафъа аз имкониятҳои петитсияи интернетӣ истифода карданд, аммо танҳо як хитобаи онҳо, ки эътироз аз қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия буд, пуштибонии густарда дид. Имзои зиёдро ин хитоба дар шабакаи “Фейсбук” ҷамъоварӣ намуд. Маълум нест, то куҷо он ба муносибати ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон ба вазъи муҳоҷирон таъсир кард, аммо бо нашри мавридҳои бадрафторӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия манзараи умумиро падид овард.

Намунаҳои зиёде нишон додаанд, ки мушкил дар кишварҳои пасошӯравӣ дар таҳия ва пахши хитобаҳои интернетӣ не, балки дар муносибати ҳукуматҳо куллан ба муроҷиати шаҳрвандон аст. Аксарият бар инанд, ки назари онҳо ба тасмимгириҳои ҳукумат ё порлумон ҳеҷ гуна таъсир надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG