Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои абролуд ва боронҳои кӯтоҳмуддат дар Тоҷикистон


Осмон бар фарози аксари минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз нимаабрӣ буда, дар бархе аз манотиқи вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои кӯтоҳмуддат меборад. Дар навоҳии тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борише пешбинӣ намешавад. Дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳаво рӯзона то 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар манотиқи кӯҳии навоҳии тобеи марказ, водии Зарафшон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои сард боқӣ монда, ҳарорат ҳамагӣ аз 2 то 7 дараҷаи Селтсия боло хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG