Пайвандҳои дастрасӣ

Бо фишори мардум фурудгоҳи Прага ба номи Ҳавел шуд


Ҳукумати Ҷумҳурии Чех зери фишори шаҳрвандон маҷбур шуд фурудгоҳи байнулмилалии Прагаро ба номи президенти марҳуми ин кишвар Ватслав Ҳавел гузорад. Вазири нақлиёт Павел Добес пешниҳод кард, ки ин қарор аз 5-уми октябр, 76-умин зодрӯзи Ҳавел расмӣ шавад. Дар ибтидо ҳукумат ва аксарияти порлумон ба чунин номгузорӣ мухолиф буданд, аммо петитсияи интернетиро бо ин талаб 82 000 нафар имзо карданд. Ҳамсар ва бародари Ҳавел низ аз ин пешниҳод пуштибонӣ намуданд. Драмнавис ва дигарандеши саршинос, пешвои “Инқилоби махмалӣ”-и соли 1989-и Чехословакия ва президенти ин кишвар дар солҳои 1989 то 1992 ва президенти Ҷумҳурии Чехи солҳои 1993 то 2003 рӯзи 18-уми декабри соли гузашта дар синни 75-солагӣ аз ҷаҳон гузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG