Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида Сурияро ба иҷрои қатънома даъват кард


Иёлоти Муттаҳида ҳукумати Сурияро ҳушдор дод, ки дар татбиқи тарҳи Созмони Милал барои қатъи хушунат дар Сурия ҳамкорӣ кунад. Ин огоҳӣ аз тарафи вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон садо дод. "Ба президент Асад ва режими ӯ мегӯем, ки якҷо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода қадам бардоранд, ба он вафо кунанд вагарна бо фишор ва радди бештар рӯбарӯ хоҳанд шуд.” Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар изҳороте аз тарҳи сулҳи фиристодааш Кофӣ Анон, ки қатъи хушунат, дастрасӣ ба ёриҳои башарӣ ва муколамаи сиёсиро дар назар дорад, ҳимояти комил нишон дод. Дар изҳорот, ки хислати иҷбор надорад, ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҳоли аз пешрафт хабар надодани Анон чораҳои дигар дида хоҳад шуд. Дар ин байн, фаъолони Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлат ду минтақаи Димишқро пас аз шабехуни мухолифон ба пойгоҳи иктишофӣ ҳадафи зарбаи танкҳо қарор доданд. Аз даргириҳо дар манотиқи дигар низ хабар расидааст.
XS
SM
MD
LG