Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони озмуни ҷаҳонии видеоҳои "Ҷавонон ва шуғл"


Созмони Ҷаҳонии Кор озмуни байнулмилалии баёнияҳои видеоии ҷавонон дар бораи кор ва бекориро эълон кард. Ин ниҳод мегӯяд, ҷавонон дар масъалаи таъмин бо ҷои кор қишри аз ҳама осебпазир ба шумор мераванд. Ба он пешниҳод шуд, назари худро ба масъала ё саргузашту эҳсосоти хешро дар як навори дудақиқагии видео забт ва то 10-уми апрел дар шабакаи Ютюб нашр кунанд. Муаллифони се видеои беҳтарин барои ширкат дар форуми шуғли ҷавонон ба Женева даъват мешаванд. Муаллифони аз пахши навори худ бояд ба имейли Созмони Ҷаҳонии Кор (youth@ilo.org) паём фиристанд.
XS
SM
MD
LG