Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии ИА дар таъини марзҳои давлатӣ дар водии Фарғона


Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба муайян кардани марзҳои давлатӣ дар водии Фарғона ёрӣ хоҳад кард. Ба ин мақсад эътилоф 1 миллиону 300 000 евро ҷудо кардааст. Қарор аст, Иттиҳоди Аврупо ба се кишвар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки водии Фарғона миёни онҳо тақситм шудааст, аксҳои дақиқи моҳвораии манотиқи марзиро пешниҳод хоҳад намуд. Ҳамчунин қарор аст, мутахассисони маҳаллӣ барои истифода аз ин аксҳо ва нармафзорҳои компютерӣ омӯзонида шаванд. Қарор аст, ин тарҳ дар 18 моҳи оянда такмил шавад. Марзҳои давлатӣ дар даҳҳо минтақаи водии Фарғона номуайян боқӣ монда, пайваста низоъи миёни аҳолиро ба бор меорад.
XS
SM
MD
LG