Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Фаронса хабари боздоштро рад карданд


Вазири умури дохилаи Фаронса Клод Геон гузоришҳо дар бораи боздошти гумонбари аслӣ дар қатли се сарбози фаронсавӣ ва куштори се толибилму як хохом дар мактаби яҳудӣ дар шаҳри Тулузаро радд кард. Матбуоти Фаронса қаблан гуфт, ин гумонбар баъди 12 соати муҳосираи нирӯҳои пулис дар манзилаш дар Тулуза дастгир шудааст. Аммо маълум мешавад, ӯ то ҳол дар манзили муҳосирашудааш сангар гирифтааст. Клод Геон қаблан гуфт: “Ӯ иддао дорад, ки муҷоҳид аст ва ба Ал-Қоида рабт дорад. Ӯ мехоҳад интиқоми тифлони фаластиниро биҷӯяд ва ҳам аз артиши Фаронса барои таҷовузҳои хориҷиаш қасос бигирад.” Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ низ ба Тулуза омадааст ва интизор меравад, бо паёме ба мардум муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG