Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар дар Тулуза мехоҳад таслим шавад


Гумонбари аслӣ дар қатли се сарбози фаронсавӣ ва куштори се толибилму як хохом дар мактаби яҳудии шаҳри Тулуза ба пулис гуфтааст, ки мехоҳад худро таслим кунад. Пулис манзили ӯро дар шаҳри Тулуза иҳота кардааст. Вазири умури дохилаи Фаронса Клод Жан Геон гуфт, дар даргирӣ бо ин гумонбар се пулис захмӣ шуд.Ба гуфтаи вазир, гумонбар шаҳрванди 24-солаи Фаронса буда, қаблан дар Афғонистону Покистон ҳам муддате ба сар бурдааст: "Ӯ иддао дорад, ки муҷоҳид аст ва ба Ал-Қоида рабт дорад. Ӯ мехоҳад интиқоми тифлони фаластиниро биҷӯяд ва ҳам аз артиши Фаронса барои таҷовузҳои хориҷиаш қасос бигирад.” Ин нафар рӯзи душанбе дар мактаби яҳудии Тулуза 4 нафар, аз ҷумла 3 кӯдакро кушт.
XS
SM
MD
LG