Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи телевизионии Euronews барои нахустин бор ба пахши силсилаи гузоришҳо дар бораи таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Гузориши аввал аз ин силсила таҳти унвони “Душанбе –пойтахти Наврӯз” дар бораи омодагии пойтахти Тоҷикистон ба мизбонии тантанаҳои наврӯзӣ бо ҳузури намояндагон аз беш аз 30 кишвари дунё ҳикоят мекунад. Ношири ин хабар – “Азия Плюс” менависад, ки дар Наврӯзи имсола руасои ҷумҳуриҳои дастикам 3 кишвар – Афғонистону Эрон ва Покистон – низ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG