Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боко Ҳаром музокирот бо давлати Нигерияро рад кард


Боко Ҳаром – як гурӯҳи ифротии исломии Нигерия, ки дар чандин ҳамалоти хунин ва қатли садҳо нафар айбдор мешавад, ҳар навъ музокироти сулҳ бо давлати ин кишвари африқоиро рад кардааст. Қаблан раиси Шӯрои олии шариати Нигерия Иброҳим Даттӣ Аҳмад, ки талош дошт байни давлат ва ин гурӯҳ миёнҷигӣ кунад, гуфт, дигар миёнаравӣ нахоҳад кард. Аҳмад бо изҳори “хашму таассуф” гуфт, давлат ҷузъиёти музокиротро дар матбуот нашр кардааст. Боко Ҳаром, ки қасди сохтани давлати исломиро дорад, ба ҳамлаи соли гузашта ба дафтари СММ дар Абуҷа – пойтахти Нигерия низ айбдормешавад.
XS
SM
MD
LG