Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Томск "Бҳагавад Гита"-ро сафед кард


Додгоҳи шаҳри Томски Русия қарор кард, ки “Бҳагавад Гита”- китоби муқаддаси ҳиндуҳо – маводи ифротӣ надорад. Додситонӣ муқаддимаи барои тарҷумаи русии ин китоб навиштаи Свамӣ Прабҳупада – асосгузори ҷараёни Ҳаре Кришнаро муноқиз бо қонунҳои Русия хонда, манъи онро аз додгоҳ талаб дошт. Вазири хориҷаи Ҳинд С. М.Кришна гуфт,талоши мақомоти Русия барои манъи “Бҳагавад Гита” натиҷаи ҳамлаи “афроди муғриз ё ноогоҳ” ба ин китоби муқаддас аст.
XS
SM
MD
LG