Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка гуфт, мурофиаи ду гумонбар ба бомбгузории метрои Минск “шаффофу одилона” буд. Ӯ ба телевизиони Russia Today гуфт: “Ва мурофиа низ комилан боз буд. Додгоҳ аз оғоз то анҷом комилан шаффоф гузашт.”
Владизлав Кавалов ва Дзмитрий Канавалов 2 рӯз пеш эъдом шуданд. Қатли онҳо дар пасманзари вуҷуди суолҳо дар бораи ин қазия ва нигарониҳо дар бораи ҳуқуқи маҳкумин дар Беларус мавҷи интиқодҳои байналмилалиро ба бор овард. Дар бомбгузории қариб як соли пеш дар метрои пойтахти Беларус 15 кас кушта шуда буд. Лукашенка гуфт, дар таҳқиқи қазия Интерпол, ФСБ-и Русия ва Моссади Исроил низ ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG