Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун: Буҳрони Сурия шадидан хатарнок шудааст


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, буҳрони Сурия “шадидан хатарнок” шудааст ва метавонад паёмадҳои густардае дар сатҳи ҷаҳонӣ ба бор биорад. Ин изҳорот дар ҳолест, ки Шӯрои Амнияти СММ тарҳи қатъномаеро баррасӣ мекунад, ки давлат ва мухолифини Сурияро ба иҷрои тарҳи фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Аннон барои хатми хушунатҳо даъват мекунад. Дипломатҳо мегӯянд, ин қатънома шояд имрӯз тасвиб шавад. Русия, ки бо Чин ду қатъномаи қаблӣ дар мавриди Сурияро вето гузоштанд, дирӯз гуфт, омода ҳаст, то аз қатъномаи ҷадид ҳимоят кунад. Аммо Маскав мегӯяд, ягон навъ зарбулаҷал ба муттаҳидаш –режими Сурияро қабул надорад. СММ мегӯяд, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 8000 нафар кушта шудаанд. Бо ин ҳол, имрӯз нирӯҳои Сурия тонку тӯпхонаҳо мавзеъҳои Ҳараста ва Ирбин дар ҳошияи Димишқро ҳадаф қарор додаанд. Ин ду мавзеъ тақрибан ду моҳ боз таҳти назорати чирикиҳо буд.
XS
SM
MD
LG