Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирборони Ҳараста ва Ирбин бо тонку тӯп


Нирӯҳои Сурия имрӯз бо истифода аз тонку тӯпхонаҳо мавзеъҳои Ҳараста ва Ирбин дар ҳошияи Димишқро ҳадаф қарор доданд. Ин ду мавзеъ тақрибан ду моҳ боз таҳти назорати чирикиҳо буд. Як фаъоли мухолифин гуфтааст, Артиши Озодии Сурия алайҳи нирӯҳои давлатӣ амалиёте анҷом дода буд ва тирборони имрӯза посух ба ҳамон аст. Набардҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳо дар Димишқ дирӯз дастикам 30 кушта ба ҷо гузошт. Дирӯз нирӯҳои давлатии Сурия шаҳри Дайруззор дар шарқи кишварро низ тасарруф карданд. СММ мегӯяд, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 8000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG