Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби гумонбари куштори Тулуза


Мақомоти Фаронса мардеро ки алайҳи пулис муқовимат дорад, гумонбари аслӣ дар қатли се сарбози фаронсавӣ ва куштори се толибилму як хохом дар мактаби яҳудии шаҳри Тулуза меноманд.
Вазири умури дохилаи Фаронса Клод Жан Геон гуфт, дирӯз дар даргирӣ дбо ин гумонбар дар Тулуза се пулис ҷароҳат бардошт.
Ба гуфтаи вазир, гумонбар шаҳрванди 24-солаи Фаронса буда, қаблан дар Афғонистону Покистон ҳам муддате ба сар бурдааст: “Ӯ иддао дорад, ки муҷоҳид аст ва ба Ал-Қоида рабт дорад. Ӯ мехоҳад интиқоми тифлони фаластиниро биҷӯяд ва ҳам аз артиши Фаронса барои таҷовузҳои хориҷиаш қасос бигирад.”
Клод Геон гуфт, бародари гумонбарро дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG