Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони Саудӣ квотаи сафари Ҳаҷҷ барои зоирон аз Тоҷикистонро ба 500 нафар афзуд. Аз ин ба баъд ҳар сол 6000 зоири тоҷик метавонанд сафари Маккаву Мадина кунанд. Тавофуқ дар ин бора байни вазорати Ҳаҷҷи Саудия ва Кумитаи дини Тоҷикистон ба даст омадааст. Умури Ҳаҷҷро дар Тоҷикистон ҳамин ниҳоди давлатӣ дар ихтиёр дорад. Арабистони Саудӣ квотаи Ҳаҷҷро маъмулан бар асоси як фоиз аз аҳолии мусалмони ҳар кишвар ҳисоб мекунад.
XS
SM
MD
LG