Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дорои Дӯст: "Наврӯз хоре дар чашми бегонагон буд"


Дорои Дӯст
Дорои Дӯст

Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигори Радиои Озодӣ бо Дорои Дӯст, донишманд ва рӯзноманигори тоҷик.

Радиои Озодӣ: Замоне дар бораи ҷашни Наврӯз сӯҳбат кардан ва навиштан манъ буд, чӣ гуна ин мавзӯъ ба матбуот роҳ ёфт?

Дорои Дӯст: "Моҳи сентябри 1965 барои кор ба рӯзномаи “Маориф ва маданият” омадам, ки он замон сардабирии рӯзномаро Бӯриннисо Бердиева бар ӯҳда доштанд. Охирҳои он сол дар идораи рӯзнома ҳамин гуна як тасмим гирифта шуд, ки мавзӯи ҷашни Наврӯз бояд дар матбуот ба таври густурда бозтоб ёбад. Он замон воқеан вожаи Наврӯзро ба забон овардан манъ буд. Онро “Иди меҳнат” ном дода буданд. Ёдам ҳаст, охирҳои моҳи феврали соли 1966 мо ба ноҳияву вилоятҳо ба манзури онки бифаҳмем мардум Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиранд, сафари корӣ анҷом додем. Ман ба ноҳияи Восеъ рафтам. Назди котиби райкоми онвақта даромадам. Тасаввури мо ин тавр буд, ки ҳама коргарони ҳизбӣ аз Наврӯз бехабаранд. Аммо дар мулоқот бо котиби райком, ки Бобоев ном дошт ин тасаввури ман иваз шуд. Ӯ пораҳоеро аз “Шоҳнома” қироат кард ва ман, ростӣ, мутаассир шудам. Аз дида ва мушоҳидаҳои сафар гузорише омода карда будам, ки бо номи “Эҳёи ҳайкалҳо” нашр шуд. Дар ду саҳифаи рӯзнома бахшида ба Наврӯз матолиб чоп кардем, аммо бо хеле душвориҳои зиёд. Он вақт мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказӣ шахсе бо номи Гадоев буд. Баъд аз чопи шумора бо Бердиева даъво мекунад, ки Шумо ғалат кардед, номи Наврӯз намебоист зикр мешуд. Он замон дар муқобили онҳо (масъулини Кумитаи марказӣ) истодагарӣ кардан маъно надошт. Аз ин хотир, Бердиева гуфтанд, ки хуб, дигар такрор намешавад. Аммо ҳар сол такрор мешуд. Он вақт бо мо Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Бобо Насриддинов, Бозор Собир, Урун Кӯҳзод, Сарварҷон Амирҷонов, Мирзоҳаёт Давлатов, Ғуломҳайдар Муродалиев ва дигар рафиқон кор мекарданд."

Радиои Озодӣ: Барои чӣ дар бораи ҷашни Наврӯз навиштан манъ буд?

Бӯриннисо Бердиева
Бӯриннисо Бердиева
Дорои Дӯст: "Ҷашнҳо ду навъанд, яке ҷашнҳои ҳукуматӣ ва дигар мардумӣ. Боз ҷашнҳое ҳастанд, ки онро ҳам ҳукумат ва ҳам мардум истиқбол мегирад. Ҷашнҳое ҳастанд, ки аз фитрати миллат, ё ки аз заковату хиради ҳамон миллат ҷӯшидаву берун омадааст. Онро ҳукуматҳои замон, ки ҳукуматҳои миллӣ ҳастанд, ҷашни сартосарӣ месозанд. Дар замони Шӯравӣ танҳо ҷашнҳои инқилобӣ ва Шӯравӣ ҷашн ҳисобида мешуданд. Ҷашнҳои береша, бе чеҳра, бе тарова, яъне ҷашнҳои ҳукуматӣ, на мардумӣ. Дар императории Шӯравӣ барои миллатҳо ва ҷашнҳои онҳо ҳеҷ гуна арзиш қоил намешуданд. Мақсад сохтани инсони советӣ буд, инсоне, ки дар пояи идеологияи Шӯравӣ бояд тарбия ёфта бошад. Аз рӯи ин гуна мулоҳизаҳо навиштан дар бораи ҷашни Наврӯз аз нигоҳи идеологӣ манъ карда шуда буд, вагарна дигар дар паси ин ҳеҷ чизи дигаре набуд. Аммо мо кам-кам шеърҳои классиконро вобаста ба Наврӯз чоп мекардем, ҳарчанд ин кор ба мақомоти болоӣ хуш намеомад. Идораи тафтиши ақидаҳо (Главлит) вожаи Наврӯзро аз навиштаҳо берун мекард. Бону Бӯриннисо бо мақомот гуфтушунидҳо мекарданд ва баъзан иҷозаи нашр ҳам мегирифтем, аммо ба ҷои Наврӯз "Иди меҳнат" менавиштем."

Радиои Озодӣ: Вақте Шумо ба ҷои калимаи дигар ҳатман калимаи Наврӯзро чоп ва зикр мекардед, мақомат чӣ гуна бархӯрд мекарданд?

Дорои Дӯст: "Раҳматӣ Бердиева макети шумораи наврӯзиро бурда дар бахши матбуоти шӯъбаи идеологӣ тасдиқ мекард, онҷо онро комилан мехонданд , аксҳоро медиданд ва ҳатман тафтиш мекарданд. Хуб, дигар дастуру супориш мешуд, ки инро чоп кун, онро чоп кун, аммо фалон мавод ва ё аксро на. Мо шабона нишаста ба таври худ, ба ҷои он ки калимаи Наврӯз ду бор истифода шавад, дар 10-15-ҷо истифода мекардем. Ҳар шумораи наврӯзӣ ҳатман як ҷангҷолро ба миён меовард. Онҳо (манзур КМ ҲКТ) занг зада мепурсиданд, ки Бердиева дар куҷост, мо мегуфтем, ба Кумитаи марказӣ рафтанд, аммо онҳо ҳайрон мешуданд, чунки худ аз онҷо занг мезаданд. Чун мо ҳама тифоқу ҷавон будем, ба ин ҳама ҷангҷолҳо тоқат мекардем. Соли 69-ум буд ё 70, агар хато накунам, як мизи гирде ташкил карда шуд дар вазорати маориф. Рӯзномаи “Маориф ва маданият” он вақт тобеи ду вазорат -- ҳам вазорати маориф ва ҳам вазорати маданият буд. Хулоса онҷо ҳам фолклоршиносон, аз ҷумла Раҷаб Амонов ва шоирону нависандагон бо роҳбарии устод Мирзо Турсунзода гирд омада буданд. Мақсади ин нишаст он буд, ки мебоист ба ҳукумат мефаҳмонидем, Наврӯз ҳеҷ муносибате ба дину оин надорад. Матолиби ин мизи гирд дар саҳифаҳои “Маориф ва маданият” чоп шуда буд. Касе мехоҳад тадқиқот барад, он маводро метавонад пайдо кунад. Мо гуфтем, Наврӯз болотар аз ҳама гуна мазҳабҳо аст. Наврӯз бедорист. Бедории табиат бояд тафаккури мардумро бедор кунад."

Радиои Озодӣ: Баъд аз чопи мақола аз рафти ин мизи гирд ҳеҷ вокунише нашуд аз ҷониби ҳукумат?

Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Дорои Дӯст
Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Дорои Дӯст
Дорои Дӯст: "Устод Турсунзода обрӯи баланд доштанд, ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар миёни мардум. Сухани Турсунзода вазну қадр дошт, касе наметавонист дар он замон сухани ӯро нодида бигирад. Аввал мо мехостем ба худиҳо, ки дар шӯъбаи идеологӣ менишастанд, фаҳмонем, ки Наврӯз ҳеҷ иртиботе ба дин надорад ва баъд ба бегонагон."

Радиои Озодӣ: Баъди ин мизи гирд дар бораи Наврӯз, муносибати ҳукумат дигар шуд?

Дорои Дӯст: "Бале, оҳиста-оҳиста муносибатҳо иваз шуданд. Иҷозатҳо зиёд шуданд. Аввалин шеърхониҳои наврӯзӣ дар солҳои 70-ум дар пояи ҳайкали устод Рӯдакӣ баргузор шуда буд. Маросими шеърхониву муборакбодӣ, маросими ягдигарро оғӯшкуниву гулсупорӣ бори аввал дар ҳамон ҷо баргузор шуда буд."

Радиои Озодӣ: Рӯзномаи “Маориф ва маданият” дар ин бора матлабҳо чоп мекард, дигар нашрияҳо чӣ гуна вокуниш мекарданд?

Дорои Дӯст: "Он замон дар сатҳи чумҳурӣ чор-панҷ рӯзнома чоп мешуд. “Маориф ва маданият” , “Тоҷикистони советӣ”, “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Пионери Тоҷикистон”. Масалан, дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” ҳам раҳматӣ Абдулло Зокиров дар бораи Наврӯз мақолаҳо чоп мекарданд. Бахтиёр Муртазоев онҷо кор мекарданд, Нур Табаров. Кӯшиши бозовардану эҳё кардани анъанаҳои миллии мо аз тарафи онҳо низ анҷом дода мешуд."

Радиои Озодӣ: Муаллифи мақолаҳои наврӯзи дар он замон бештар хабарнигорон буданд ё донишмандон?

Дорои Дӯст: "Он замон аксари муаллифон худи кормандони рӯзномаҳо, хабарнигорон буданд. Ғайр аз ин фолклоршиносон низ менавиштанд. Он вақт ҳамин гуна як "расм"-е буд, ки сухан, яъне пешниҳод бояд аз забони котиби райком ё раиси кумитаи иҷроия ё аз номи ягон нафари мӯътабар баён шавад. Баъзан хабарнигорон маҷбур мешуданд, ки аз номи роҳбарони ноҳия ва бо имзои онҳо мақола чоп кунанд. Шояд ин кор ба он хотир сурат мегирифт, ки то андозае эътибори суханро боло барад."

Радиои Озодӣ: Вақте рӯзнома бо "хатоиҳои идеологӣ" чоп мешуд, аз дӯконҳо барчида намешуд?

Дорои Дӯст
Дорои Дӯст
Дорои Дӯст: "На, ман чунин таҷрибаро дар ёд надорам. Ба ин кор яъне паҳну тавзеи нашрия «Союзпечат» ("Тоҷикматбуот") машғул буд. Масалан, рӯзномаи “Маориф ва маданият” ба хориҷ аз Тоҷикистон низ аз ҷумла ба Узбакистон тақрибан то 7000-8000 нусха ва ба Қирғизистон то 2-3 ҳазор фиристода мешуд. Мо батадриҷ доираи гузоришҳои наврӯзиро васеътар карда аз баргузории ҷашнҳо дар Эрону Афғонистон матолиб ба нашр мерасонидем. Дар бораи Наврӯзи Афғонистон матлаберо бо номи “Наврӯз дар Самангон” чоп кардем. Аз “Наврӯзнома”-и Хайём, аз Берунӣ ва аз дигар классикони адабиёт ҳам дар иртибот ба ин ҷашн матлабҳо ба нашр мерасонидем."

Радиои Озодӣ: Баъди нашри матолиб дар бораи ҷашни Наврӯз, таҳдидҳо мешуданд, дар идораи рӯзнома миёни кормандон чӣ сӯҳбатҳо мешуд?

Дорои Дӯст: "Идораи мо дар "боло" ҳамчун идораи саркаш шинохта шуда буд. Ба мо мегуфтанд, ки мо макети рӯзномаро дидем, он ин тавр буд, аммо шумо ба таври дигар, ба таври худ чоп мекунед. Соли 1982 бояд 50-солагии рӯзномаро ҷашн мегирифтем. Аз Кумитаи марказӣ иҷозат надоданд. Гуфтанд, чи гуна як рӯзномае, ки мухолифи амру дастури КМ мақола чоп мекунад, ҷашни онро доир кард."

Радиои Озодӣ: Дар идораи рӯзнома ҳама ҳамфикр буданд ва ё буданд нафароне, ки аз чунин матлабҳои ба ҳукумат хушнамеомада норозигӣ мекарданд?

Дорои Дӯст: "Ҳар кас аз рӯи пояи тафаккураш ба ин масъала наздик мешавад, гузориш менависад. Дар идорае, ки онҷо 20-30 нафар кор мекунанд, албатта, сатҳи тафаккур ва назарҳо мухталиф мешаванд. Чун сиёсат дар дасти Бӯриннисо Бердиева буд, касе ки муқобил ҳам буд, ибрози ақида намекард. Касе ба Бӯринисо намегуфт, ки барои Шумо шуда фалон масъала ҳал нашуд. Дар баргузории ҷашни Наврӯз бошад ҳама тифоқ буданд."

Радиои Озодӣ: Вақте Бердиеваро аз Кумитаи марказӣ суроғ мекарданд, чаро мегуфтед он кас ба онҷо рафтаанд дар ҳоле медонистед, ки ин тавр набуд?

Дорои Дӯст: "Он касро бурда гӯшмол додан мехостанд. Он кас ҳар мақолаи шӯрангезро, яъне мақолае, ки ба суди миллат бошаду ба бедории миллӣ дахл дошта бошад, бо ҳар роҳе чоп мекарданд. Агар Кумитаи Марказӣ мерафтанд ҳам, бе ҷангҷол барнамегаштанд. Аз поён истода болоҳоро сарзаниш мекарданд. Чаро Бӯриннисоро ҷазо дода наметавонистанд? Барои он ки он кас аз дасисаву иллатҳои болоиҳо хабардор буданд. Ҷаббор Расулов мегуфтанд, бигзоред, он занро кори худашро кардан гирад, суханони ӯ безарар аст. Дар воқеъ Наврӯз ҳамеша чун як хоре барои чашми бегонагон мехалид."

Радиои Озодӣ: Ба ҳар сурат нақши матбуот дар эҳёи дубораи ҷашни Наврӯз зиёд аст?

Дорои Дӯст: "Нақши матбуот созанда аст. Агар матбуоти мо намешуд, аз ин чизҳо аслан ҳеҷ чизе боқӣ намемонд. Дар замоне ки матбуот вуҷуд надошт, масалан мардуми мо то Инқилоби Октябр низ иди Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва то ҷое унсурҳои диниро низ ба он дохил карданд, ки он зинда монад ва нест нашавад. Дар замони коммунистӣ аввал исбот кардан даркор буд, ки Наврӯз ба дин ҳеҷ иртиботе надорад. Наврӯз танҳо рақсу кабобхӯрӣ нест, балки оғози кор аст. Вақте ки аввалин мақолаҳо дар солҳои 60-ум чоп мешуданд, мо ба ҳукумату бегонагон як нуктаро фаҳмонидем, ки ин иди кор аст, Наврӯз ин кор аст ва кор муҳим аст."

Радиои Озодӣ: Баъд нашрияҳои дигар низ пайравӣ карданд?

Дорои Дӯст: "Бале, дигар пардаҳо бардошта шуданд, дарвозаҳо кушода шуданд. Мардум хеле эҳсосӣ шуда буданд, эҳсоси миллӣ онҳоро водор мекард, ки ба ин мавзӯъ рӯй биоваранд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ҷашни Наврӯз ин шинохти бедории мо буд."
XS
SM
MD
LG