Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: Посухи Эрон ба ҳамла ҳамсанг хоҳад буд


Раҳбари олии Эрон гуфт, кишвараш посухи ҳама гуна ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро хоҳад дод. Дар паёми телевизионияш ба муносибати иди Наврӯз оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: "Мо силоҳи ҳастаӣ надорем ва силоҳиҳ астаӣ ҳам нахоҳем сохт, аммо дар муқобили таҳоҷуми душманон, чӣ Амрико ва чӣ режими сайҳунистӣ барои дифоъ аз худамон дар ҳамон сатҳе, ки душман ҳамла кунад, ба онҳо ҳамла хоҳем кард.” Изҳороти Хоманаӣ дар ҳоле садо дод, ки Эрон бар рӯбарӯи таҳримҳои нав ва сахттари Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.
XS
SM
MD
LG