Пайвандҳои дастрасӣ

Қодиров ирсоли нерӯҳои нав ба Чеченистонро рад кард


Раҳбари Ҷумҳурии Чеченистони Русия, Рамазон Қодиров хабарҳо вуруди густардаи нерӯҳои Вазорати умури дохилии Русия ба Чеченистон ва Доғистонро рад кард. Расонаҳои русӣ хабар додаанд, ки наздик ба 25 000 сарбозу афсар дар ин ду ҷумҳурӣ мустақар хоҳанд шуд. Вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев рӯзи душанбе эълом дошт, бино бар тақозои вазъият бархе аз ҷузвутомҳои ин вазорат аз Чеченистон ба Доғистон интиқол хоҳанд ёфт. Тафсилоти бештар маълум нашудааст, вале расонаҳои Русия аз афзоиши фаъолияти ҷангҷӯёни исломӣ дар Доғистон хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG