Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи таҳримҳои нави ИА зидди Эрон ва Сурия


Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи ҷумъа дар Бруссел тарҳи таҳримҳои нави зидди Эрон ва Сурияро баррасӣ хоҳанд кард. Як дипломати баландпояи Иттиҳоди Аврупо гуфт, қарор аст, вуруди 18 мансабдори эронӣ, ки дар поймол шудани ҳуқуқи инсон саҳм доранд, ба Аврупо манъ хоҳад шуд. Вазирон ҳамчунин таҳрими хариди нафти Эронро, ки аз якуми июл сар мешавад, ниҳоӣ хоҳанд кард. Бино ба тарҳи дигар сафари як қатор мансабдорони Сурия ба Аврупо низ манъ хоҳад шуд
XS
SM
MD
LG