Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳарчанд соли нави хуршедӣ фаро расидааст, аммо ҳаво сарду пуштаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз барфпӯшанд.

Вале сарфи назар аз ин ҳама ходими Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, Фирӯзаи Раҳмат, мегӯяд, бар асоси мушоҳидаҳои астрономӣ Наврӯз дар кишвар соати 10:14 дақиқаи рӯзи 20-уми март фаро расидааст.

Агар соли нави масеҳӣ ҳамасола дар як вақт, яъне дар соати 12-и шаб ворид шавад, таҳвили Наврӯз фарқ мекунад. Зеро як сол аз 365 рӯзу чанд соату дақиқаи дигар иборат аст ва ба ҳамин далел ворид шудани Наврӯз дар як замони муайян сурат намегирад. Дар соли гузашта бар асоси тақвими григорианӣ, баробаршавии шабу рӯз дар Тоҷикистон дар соати 04:21 дақиқаи субҳи рӯзи 21-уми март фаро расида буд.

Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон бар пояи тақвими милодӣ ба сар мебарад, Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун иди расмӣ таҷлил мешавад. Имсол давлати Тоҷикистон барои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ расман шаш рӯзи таътили саросарӣ муқаррар кардааст. Аммо ба фарқ аз рӯзҳои таътили соли нави масеҳӣ, ки се рӯз маҳдудияти барқ дар тамоми навоҳии кишвар бардошта шуда буд, дар таътили наврӯзӣ лимити барқ бетағйир боқӣ мемонад.

Як сокини деҳаи Курути ноҳияи Айнӣ мегӯяд, агар дар рӯзҳои ид барқ медоданд, шояд дастурхони наврузӣ ранги дигар мегирфт. Манзармоҳ Зарифова, сокини ҳамин деҳа мегӯяд: "Агар барқ мешуд, мо дар тафдон санбӯсаву шириниҳо мепӯхтем. Ҳоло бебарқ шиштеам. Агар барқ ояд, мепазем, агар не..."

Вале бо вуҷуди ин ҳама, мардум аз фарорасии наврӯзу баҳор табъи хуш доштанд ва мегуфтанд, ки дигар бо ҳамин зимистон паси сар хоҳад шуд.

Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, Наврӯз воқеан ҷашни муштараки инсону табиат аст: "Хосияти Наврӯз ҳам ҳамин аст. Яъне зудудани доғи синаҳо. Табиат бо гулу шукуфаву сабзаҳош тамиз мекунад. Ғубори зимистону азобҳоро берун мекунад ва табиат эҳё мешавад."

Духтараконе ҳам, ки суруди наврӯзии "аз ёла гул овардем"-ро месароянд, мегӯянд, ки ҳанӯз ба ёла нарафтаанд ва интизори ҳавои софи баҳорӣ ҳастанд.

"Ҳоло нарафтем, ҳаво абрнок аст, ҳамин ки соф шавад, баъд меравем",-мегӯянд онҳо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG