Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Медведев аз генералҳои рус


Медведев (Акс аз бойгонӣ)
Медведев (Акс аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз низомиҳо даъват кард, то солҳои 2017-2018 барои муқобила бо сипари зиддимушакии Амрико дар қораи Аврупо “пурра омода” ва “пурра мусаллаҳ” шаванд. Аммо ӯ афзуд, ки Русия “дари гуфтугӯ бо Амрико ва НАТО-ро намебандад.” Амрико ва НАТО мегӯянд, сипари зиддимушакӣ алайҳи таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ аз сӯи Эрон аст. Русия нигарон аст, ки ин сипар ба иқтидори ҳастаияш низ таҳдид мекунад. НАТО мегӯяд, умедвори ҳамкорӣ бо Маскав аст, то ин нигарониҳо рафъ шаванд, вале пешниҳоди Русия барои идораи муштараки сипари зиддимушакиро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG