Пайвандҳои дастрасӣ

Чор президент ба Наврӯзи Тоҷикистон хоҳанд омад


Руасои ҷумҳуриҳои Афғонистону Эрону Покистон рӯзи 24 март ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Қарор аст, Ҳомиди Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осифалӣ Зардорӣ рӯзи 25 март дар анҷумани байналмилалии “Наврӯз -2012” ширкат кунанд. Ширкати онҳо дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи Душанбе низ дар назар гирифта шудааст. Дар пайи ин тантанаҳо мулоқоти онҳо бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби чоргона доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG