Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлагари Тулуза видеокамера низ доштааст


Вазири дохилаи Фаронса гуфт, марди гумонбар дар қатли се кӯдак ва устоди мактаби яҳудӣ дар шаҳри Тулуза шояд ин ҷинояташро ба навор гирифта бошад. Клод Жан гуфт, шоҳидон ҳамлагари дирӯзаро марди силоҳбадасте тасвир мекунанд, ки видеокамераашро ба гарданаш меовехт: “Ин ки ӯ аъмолашро барои тамошои дубора ё нашр ба навор мегирифт, ин нуктаро тасдиқ мекунад, ки ӯ на эҳсосӣ, балки хеле ҳадафманд аст.”
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар пайи қатли се сарбоз ва тирандозии ахир дар мактаби яҳудӣ дар ҷанубу ғарби Фаронса ҳолати омодабоши зиддитеррористӣ эълон кард.
Аҳли хонаводаҳои 4 куштаи дирӯза – раввини 30-солаву ду фарзанди ӯ ва як кӯдаки дигар, ки аз 4 то 7 сол доштаанд, дархост кардаанд, ки онҳоро дар Исроил дафн кунанд.
XS
SM
MD
LG