Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори кушташудаҳо дар Ироқ ба 45 расид


Асароти таркиш дар Бағдод

Асароти таркиш дар Бағдод

Имрӯз - дар солгарди нӯҳуми оғози ҷанги таҳти раҳбарии Амрико – дар Ироқ бар асари бомбгузориҳо ҳудуди 45 нафар кушта ва то 200 тани дигар захмӣ шуданд. Дастикам 13 тан, бо шумули зоирони эронӣ, дар таркишҳо дар шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Карбало ҷон бохта, 13 каси дигар дар Киркук ба ҳалокат расиданд. Ҳамлаҳои пурқурбонӣ имрӯз дар Ҳиллову Бойҷӣ, Дақуқу Зулуя ва манотиқи дигар низ рух дода, дар Бағдод як мошини бомбгузоришуда дар назди вазорати хориҷаи Ироқ таркидааст.
XS
SM
MD
LG