Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Беларус бояд ба боқии Аврупо ҳамроҳ шавад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Беларус хост, то ба соъири Аврупо пайваста, ба иҷрои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ кунад. Ин изҳорот дар ҳолест ки мақомоти Беларус чанд рӯз пеш ду нафари муҷрим дар бомбгузории як соли пеши метрои Минскро эъдом кард. Дар он таркишҳо 15 кас кушта шуд. Иҷрои ҳукми эъдоми Уладизлау Кавалов ва Дмитрий Канавалов ба далели вуҷуди шубҳаҳо дар бораи ин қазия мояи интиқодҳои байналмилалӣ шуд.Лавров ба радиои “Коммерсант ФМ” гуфт, Русия мехоҳад ки тамоми кишварҳои Аврупо ба мораторий бипайванданд. Беларус танҳо кишвари ин қора аст, ки то ҳол аз ҳукми қатл даст накашидааст.
XS
SM
MD
LG