Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай, Аҳмадинажод ва Зардорӣ ба Душанбе меоянд


Дар акс: Осиф Алӣ Зардорӣ (чап), Маҳмуди Аҳмадинажод (байн) ва Ҳомид Карзай
Дар акс: Осиф Алӣ Зардорӣ (чап), Маҳмуди Аҳмадинажод (байн) ва Ҳомид Карзай

Дар Наврӯзи байнулмилалӣ дар Душанбе раҳбарони Эрону Афғонистон ва Покистон иштирок хоҳанд кард.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои 24 ва 25-уми март чорабиниҳои марбут ба ҷашни байнулмилалии Наврӯз ва 26 -27-уми март конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA) дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба таъкиди ӯ, ба манзури ширкат дар ин чорабиниҳо Ҳомид Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раҳбарони Афғонистону Эрону Покистон, ба Душанбе ташриф меоранд. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ба истиқболи Иди Наврӯз конфронси байналмилалии "Наврӯз-2012" сурат бигирад, ки онҳо дар ин ҳамоиш низ иштирок ва суханронӣ кунанд. Имсол Тоҷикистон мизбони Наврӯзи байнулмилалист. Соли гузашта ин масъулиятро давлати Эрон бар ӯҳда дошт.

Дар чорчӯби ин нишастҳо гуфтугӯи дуҷониба, сеҷониба ва чаҳорҷонибаи раҳбарони ин кишварҳо низ дар назар аст. Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ намояндагони 30 кишвари хориҷӣ ва ҳудуди 40 созмони байнулмилалӣ ҳузури худро дар чорабиниҳои наврӯзӣ ва ҳамоиши панҷуми RECCA таъйид кардаанд.

Ҳафтае қабл Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки таваҷҷуҳи аслӣ дар нишасти панҷуми RECCA, ба тарҳҳои мушаххаси минтақаӣ хоҳад шуд. Тарҳҳое, ки барои ҳамкориҳои дарозмуддат ва устувори минтақаӣ ва рушди нерӯи инсонӣ дар Афғонистон замина мегузоранд. Дар ҳошияи нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе, инчунин баргузории форуми иқтисодӣ ба манзури ҷалби сармоя барои иҷрои тарҳҳои минтақаӣ низ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони умури минтақа мегӯянд, ки ҳадаф аз конфронси RECCA умдатан мутаодил ва ҳамгун сохтани манфиати кишварҳои минтақа бо ҳам аст.

Абдулғаффори Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, агар кишварҳои минтақа тавассути ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои миллии худ ва иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ битавонанд ҳамгироии бештаре пайдо кунанд, ин ҳамгироӣ монеъ аз сар задани бесуботӣ ва нооромиҳо дар минтақа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG