Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби нави Покистон аз нирӯҳои Амрико


Куммиссиюни парлумонии Покистон хатми ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико алайҳи ҷангиёни исломӣ дар дохили Покистонро талаб кардааст. Ин тақозо вақте эълон шуд, ки парлумони Покистон имрӯз ба хотири баҳси мавзӯъи эҳёи равобити чанд моҳ боз шадидан танишомези Исломобод бо Амрико ҷамъ шуда буд. Куммиссиюн ҳамчунин аз давлат хост, то барои ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи 26 ноябри нирӯҳои НАТО бахшиши беқайдушарт талаб кунад.
XS
SM
MD
LG