Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи ҳамлаҳои хунин дар солгарди ҷанги Ироқ


Асароти таркиши имрӯза дар Киркук
Асароти таркиши имрӯза дар Киркук
Бино ба хабарҳо, имрӯз бар асари бомбгузориҳо дар Ироқ беш аз 30 нафар кушта ва то 160 тани дигар захмӣ шудаанд. Дастикам 13 тан дар таркишҳо дар шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Карбало ҷон бохтанд. Ҳамлаҳои дигари пурқурбонӣ имрӯз дар Киркуку Бағдод, Ҳилло, Бойҷӣ ва ҳам дар Дақуқу Зулуя сурат гирифтааст. Дар Бағдод як мошини бомбгузоришуда дар назди вазорати хориҷаи Ироқ таркидааст. Дар маҷмӯъ, имрӯз – дар солгарди нӯҳуми оғози ҷанги таҳти раҳбарии Амрико - дар Ироқ ҳудуди 15 инфиҷор рух додааст.
XS
SM
MD
LG