Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олимҷон Рафиков дигар сармураббии “Истиқлол” нест


Олимҷон Рафиков ду соли ахир сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе буд.

Олимҷон Рафиков ду соли ахир сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе буд.

Дар ҳоли ҳозир иҷрокунандаи сармураббии дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Мубин Эргашев таъйин шудааст.

Раҳбарияти тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе қарордод бо сармураббии ин даста Олимҷон Рафиковро тамдид накард. Рафиков дар моҳи июли соли 2010 сармурабии “Истиқлол” таъйин шуд ва ду дафъа ин тимро қаҳрамони Тоҷикистон кард. Вале “Истиқлол” дар мусобиқоти байналмилалӣ комёб нашуд, ки аз далелҳои тамдид нашудани қарордод бо Олмиҷон Рафиқов ном бурда мешавад. Вай соли 2010 дар ин мақом Салоҳиддин Ғафуровро иваз карда буд.

Масъулони дастаи "Истиқлол" аз сармураббии пешини даста барои корҳояш дар ду соли ахир изҳори сипос намудаанд.

Дар ҳоли ҳозир Мубин Эргашев иҷрокунандаи сармураббии дастаи "Истиқлол" таъйин шудааст, ки аз моҳи августи соли 2010 то кунун мураббии калони ин даста буд.

Номи Олимҷон Рафиков дар ду соли гузашта борҳо дар сархати хабарҳо қарор гирифтааст. Махсусан дар моҳи сентябри соли 2011, ки ӯ номаи истеъфояшро навишт, вале раҳбарияти дастаи "Истиқлол" онро напазируфт. Вай он вақт бохтҳои дастаи "Истиқлол"-ро дар сабқат барои Ҷоми раиси AFC ҷурми худ номида буд.

Ӯ моҳи августи соли гузашта ҳамчунин иҷрокунандаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон таъйин гардида, ин дастаро дар бозӣ бо Узбакистону Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон раҳнамоӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG