Пайвандҳои дастрасӣ

Олимҷон Рафиқов аз "Истиқлол" рафт


Олимҷон Рафиқов

Олимҷон Рафиқов

“Истиқлол”-и Душанбе – қаҳрамони футболи Тоҷикистон – қарордоди сармураббии тим Олимҷон Рафиқовро тамдид накард. Раҳбарии тим муваққатан ба Мӯбин Эргашев вогузор шудааст. Рафиқов дар моҳи июли соли 2010 сармурабии “Истиқлол” таъйин шуд ва ду дафъа ин тимро қаҳрамони Тоҷикистон кард. Вале “Истиқлол” дар мусобиқоти байналмилалӣ комёб нашуд, ки аз далелҳои тамдид нашудани қарордод бо Олмиҷон Рафиқов ном бурда мешавад. “Истиқлол” рӯзи 4 апрел барои Шоҳҷоми футболи Тоҷикистон бо барандаи Ҷоми порсола – “Регар-ТадАЗ” вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG