Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон ва Тоҷикистон вориди Наврӯз шуд


Субҳи имрӯз соли нави форсӣ амалан фаро расид. Наврӯз дар Душанбе соати 10-у 14 дақиқа, дар Теҳрон соати 8-у 44 дақиқаи субҳ ва дар Порис соати 6-у 14 дақиқаи субҳи имрӯз фаро расида, дар Амрико алакай шоми душанбе вориди Наврӯз шудаанд. Сабаби имсол як рӯз барвақттар расидани Наврӯз соли кабиса аст, ки моҳи февралаш 29 рӯз дорад. Аммо дар Тоҷикистон лаҳзаи таҳвили солро ҷашн намегиранд ва таҷлили Наврӯз чун ҳарсола аз 21 март шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG