Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: "Менталитети мо аз ғарбиҳо фарқ дорад"


Кумиссиюни Амрико оид ба озодии дин дар ҷаҳон гузориши худро роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ дар соли 2011 дар ҷаҳон нашр кард.

Дар ин гузориш Туркияу Тоҷикистон дар гурӯҳи бадтарин кишварҳое ҷой гирифтаанд, ки озодиҳои мазҳабиро хеле маҳдуд кардаанд. Туркия ва Тоҷикистон аз ҷумлаи 16 кишваре ба шумор мераванд, ки бароии маҳдудиятҳои мазҳабӣ мояи нигаронӣ қарор гирифтаанд.

Дар ин гузориш дар гурӯҳи 16 кишвари дорои маҳдудиятҳои мазҳабӣ ҳамроҳ бо Туркияву Тоҷикистон ҳамчунин Мянмар, Кореяи Шимолӣ, Мисру Эрон низ омадаанд. Аз Шӯравии пешин дар гурӯҳи кишварҳои маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ Туркманистону Узбакистон дохил шудаанд. Туркия барои фишор ба пайравони мазҳабҳои ғайриисломӣ ба феҳристи сиёҳ даромадааст.

Аммо дар бораи Тоҷикистон омадааст, дар давоми соли 2011 дар ин кишвар фаъолияти тақрибан 50 масҷид мамнӯъ эълон шудааст. Нуктаи муҳиме, ки ба он ишора мешавад, ин аст, ки ҳамаи фаъолиятҳои мустақилонаи мазҳабӣ, ки берун аз назорати ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, зери фишор қарор мегирад ва ё дастандаркорони он ба муҷозот кашонда мешаванд. Тибқи гузориш, на танҳо фаъолиятҳои мазҳабии мусулмонон, балки фаъолияти ақаллиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла гурӯҳи Шоҳидони Яҳво маҳдуд шудааст.

Бо назардошти нигарониҳои мазҳабӣ, Кумиссиюни Амрико оид ба озодии дин дар ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамоно дар феҳристи кишварҳои “Зери назорат” нигоҳ доштааст. Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ дар ин феҳрист ҷой гирифтааст.

Мавлон Мухторов
Мавлон Мухторов
Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, муаллифони гузориш бо назардошти меъёрҳои ғарбӣ ин гузоришро таҳия кардаанд, вале шароит дар Тоҷикистон фарқ дорад: “Баъзан танқидҳои носозгор ҳам ҳастанд. Албатта, назари онҳо дигар аст, назари мо дигар. Сатҳи менталитети мардуми мо дигар аст. Расму таомули мо дигар аст. Фарқ дорад. Масалан, он чӣ ки дар давлатҳои пешрафтаи Ғарб таомул шудааст, мо яку якбора наметавонем онро қабул кунем.”

Дар гузориши Амрико омадааст, дар Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабии сабтиномнашуда, таълими хусусии динӣ, гаравидан ба дини дигар нақзи қонун дониста мешавад ва ҳукумат дар интихоби имомхатибон мудохила мекунад. Инчунин, ҳукумат чопи адабиёти мазҳабӣ ва воридоти чунин адабиёт аз хориҷро зери контроли шадид гирифтааст.

Бо вуҷуди ин, Мухтор Мавлонов дар бораи қонуни озодии виҷдони Тоҷикистон чунин мегӯяд: “Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ягон хел маҳдудият надорад.”

Вале дар гузориши кумиссиюни Амрико гуфта мешавад, ки тибқи ин қонун занҳо ҳақ надоранд ба масҷид раванд ва ё ҳақ надоранд бо рӯсарӣ дар дарсҳои донишгоҳӣ ширкат ҷӯянд. Ба мардҳо иҷоза дода намешавад, ки бо риш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузур ёбанд.

Саидаҳмади Қаландар
Саидаҳмади Қаландар
Саидаҳмади Қаландар, коршиноси умури мазҳабӣ, бо чунин нукоти гузориши кумиссиюни Амрико розист ва мегӯяд, ба ақида фишор овардан дар ҳар кишвар хоҳ дар кишвари мусулмонӣ ва хоҳ дар кишваре, ки аҳолиаш насронист, хилофи қонуни умумибашарист. Барои мисол, ҷаноби Қаландар мамнӯъ эълон кардани дарсҳои ҳуҷраии ҷавононро аз маҳдудиятҳои дигар медонад: "Ба тасвиб расидани Қонун дар бораи масъулияти падару модар ва манъ кардани бачаҳо аз таълими динӣ гирифтан дар хонавода ин ҳам ҳуқуқи қонунии фарзандон аст. Дарсҳои ҳуҷраӣ имрӯз чун омили манфӣ маънидод карда мешаванд, вале дар таҷрибаи дунёӣ дидаем, ки аксари бузургони дунё, ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ дар ҳамон дарсҳои ҳуҷраӣ ё дарсҳои ғайримадрасаӣ дар назди донишмандони мумтоз таҳсил кардаанд ва мардуми фаҳмида бачаҳои худро мебаранд, мехононанд.”

Бо вуҷуди ин, Саидаҳмади Қаландар дар маҷмӯъ бо қонун дар бораи озодии дин дар Тоҷикистон мухолифате надорад ва мегӯяд, гоҳо мақомоти маҳаллӣ ҳангоми иҷрои моддаҳои қонун зиёдаравӣ мекунанд ва ба истилоҳ “ба ҷои салла калла" меоранд.

Кумиссиюни Амрико дар гузориши худ барои Тоҷикистон баъзе пешниҳодҳо низ матраҳ кардааст ва гуфтааст, чун Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад, аз лиҳози стратегӣ барои Амрико кишвари муҳимест. Ба ин сабаб Амрико дар Тоҷикистон ба озодиҳои мазҳабӣ ва озодии эътиқод аҳамият қоил аст.

Кумиссиюн дар гузориши худ ба сафорати Амрико дар Душанбе пешниҳод кардааст, ки дар оянда низ бояд мурофиаҳои додгоҳии ононеро, ки барои фаъолиятҳои мазҳабӣ муҳокима мешаванд, зери назорат бигирад ва якҷоя бо маҳофили байнулмилалӣ барои қозиёни додгоҳҳо ва додситонҳо давраҳои омӯзишӣ баргузор намояд. Гузориш мегӯяд, давлати Амрико бояд ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад, ки бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалиаш қонунҳои муносиб таҳия карда ва ба тасвиб расонад.
XS
SM
MD
LG