Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2012 гардид.

Футболбозони Кореяи Шимолӣ дар бозии ниҳоӣ дар Непал бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Бердӣ Шомуродов, ҳамлагари тими Туркманистон, дар дақиқаи 2-юм ҳисобро боз кард. Ҷонг Ил Гван, бозигари дастаи Кореяи Шимолӣ, дар дақиқаи 36-ум ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро аз ҷаримаи 11-метра Ҷонг Сонг Ҳёк се дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ дуввумин бор паиҳам барандаи Ҷоми даъвати AFC-2012 ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 гардид.

Воқеан, дар мусобиқаи пешин низ ду сол муқаддам ин ду даста ба финал баромада буд. Замони асосии бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2010 бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 5:4 ғолиб омада, барои аввалин бор соҳиби Ҷом гардида буд.

Қабл аз бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 тимҳои миллии Филиппину Фаластин барои ҷойи севум мубориза бурданд. Футболбозони Филиппин бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда, мақоми севумро касб карданд.

Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон, аввалин барандаи Ҷоми даъвати AFC-2006, ки дар мусобиқаи чаҳорум дар гурӯҳи худ бо 3 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё маҳрум гашт. Бояд тазаккур дод, ки футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа аввалин бор ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта натавонистанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон бо сарварии сармураббӣ Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, дар бозии аввал бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале дар ду бозии дигар аз тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:2 ва Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG