Пайвандҳои дастрасӣ

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони вилоятии "Хатлон", дар дави байналмилалии марафонӣ дар шаҳри Барселонаи Испания иштирок хоҳад кард.

Дар ин пойга ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар назар аст. Давлаталӣ Шамсов танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро
дар ин мусобиқаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "соли гузашта дар дави марафонии кайҳонӣ дар шаҳри Королёви вилояти Маскави Русия дар гурӯҳи бузургсолони то 60-сола иштирок доштам. Дар пойга ба масофаи 42 километру 195 метр, ки бо ширкати беш аз 2000 варзишгар аз 17 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, бо натиҷаи 4 соату 18 дақиқаю 2 сония бо медали биринҷӣ сарфароз гаштам. Пас аз анҷоми ин мусобиқа ба ман барои ширкат дар марафони байналмилалӣ, ки 25-уми марти соли 2012 дар шаҳри Барселонаи Испания баргузор мешавад, даъватнома доданд. Ман дар дави байналмилалӣ бо кӯмаки молии раиси вилояти Хатлон иштирок мекунам."

Давлаталӣ Шамсови 59-сола, ки узви Созмони хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад, барои бори нӯҳум дар дави марафонӣ ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG