Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз вазъи озодии дин дар Тоҷикистон интиқод кард


Кумиссюни Иёлоти Муттаҳида дар умури озодии байнулмилалии дин дар гузориши имсолаи хеш Тоҷикистон ва Туркияро дар феҳрасти вайронкунандагони ҳуқуқҳои динӣ шомил кард. Ин ду кишвар ба рӯйихатти, ба гуфтаи кумиссюн “мавриди нигаронии махсус” ворид шуданд, ки қаблан аз Туркманистон, Узбакистон, Эрон, Ироқ, Кореяи Шимолӣ, Чин ва дигаронро дар бар мегирифт. Гузориши кумиссюн ҳамчунин кишварҳоеро ном бурдааст, ки бино бар нақзи ҳуқуқи диндорон аз тарафи ҳукумат ба дидбонии махсус ниёз доранд. Русия, Беларус ва Афғонистон дар миёни онҳоянд.
XS
SM
MD
LG