Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ дар Тулуза омодабоши зиддитеррористӣ эълон кард


Раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ гуфт, ба дунболи тирандозӣ дар назди мактаби яҳудӣ, ки чаҳор кушта ба ҷой гузошт, дар ҷанубуғарби кишвараш минтақаи Тулуза вазъи фавқулодаи рӯёрӯӣ бо терроризм эълон кардааст. Саркозӣ афзуд, “рӯшан” аст, ки ҳамла ангезаи яҳудбадбинӣ дорад. Вай ҳамчунин гуфт, ҳамин тирандоз масъули ҳамлаи ҳафтаи гузашта аст, ки бар асари он ду низомии Фаронса кушта шуданд. Пештар полис хабар дод, ки дар ҳарсе ҳамла ҳамин гуна туфангча ва дучархаи моторӣ истифода шудаанд. Исроил эълон кард, ки чаҳор қурбонии ҳамла бо дархости хонаводаи онҳо дар Исроил дайн хоҳанд шуд. Қурбониён Раббӣ Ҷонатан Сандлери 30-сола ва писарони чаҳор ва ҳафтсолаи ӯ Габириел ва Арие ва Мириан Монсонего духтари ҳафтсолаи мудир мактаб будаанд.
XS
SM
MD
LG