Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил бо айбдоршавандаи қатли 16 афғон мулоқот кард


Вакили ҳуқуқии сарбози амрикоӣ, ки ба қатли 16 шаҳрванди Афғонистон айбдор мешавад, нахустин дидор бо зерҳимояашро пурэҳсостарин таҷрибаи ҳаёти худ номид. Ҷон Ҳенрӣ Браун гуфт, бо сарбози 38-сола Роберт Бейлз дар маҳбаси ҳарбии Форт Левенворси Канзас сеюним соат сӯҳбат кардааст. Ҳанӯз айбномаи Бейлз эълон нашудааст, вале эҳтимолан ӯ ба қатл маҳкум хоҳад шуд. Президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама барои воқеа аз мардуми Афғонистон узрхоҳӣ кард ва ваъда дод, ки куштори Қандаҳор, ки аввали ин моҳ ба вуқӯъ пайваст, даиқан пажӯҳиш хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG